Instagram
  • Dushanbe
  • Aug 10, 2021
Репертуар Опера

«ШИРИН ВА ХУСРАВ»

(Аз рӯйи достони ҳамноми Ҳаким Низомии Ганҷавӣ) Операи мазкур дар асоси достони машҳури Ҳаким Низомии Ганҷавӣ «Хусравва Ширин», ки яке аз асарҳои панҷгонаи «Хамса»-и безаволи ӯ мебошад, офарида шудааст. Достони «Хусравва Ширин» асари калонҳаҷми бисёрсужет буда, тамоми воқеоту рӯйдоди дар он тасвир шударо дар як намоиши театрӣ ифода кардан аз имкон берун аст. Муаллифи либретто кӯшидааст, ки хати асосии сужети достон – ишқи пурсӯзугудоз, поку беолоиш ва пур аз фоҷиаи писари шоҳан шоҳ Ҳурмуз – Хусрав ва хоҳарзодаи фармон равои мулки Арман – Ширинро дар маркази намоиш ҷойгузин кунад. Намоиш аз як пардава се намоиш иборат аст.

Дар намоишиякум Лаҳзае ба тамошобин пешниҳод мегардад, ки Хусрави сармасти ишқу ҷавонӣ ва худкоми ишоҳаншоҳӣ ба дидори Ширин меояд ва гумон мекунад, ки ба дом овардани ӯ бисёр осон аст. Ҳарчанд Ширин ташнаи васласту аз фироқи Хусрав шаборӯз месӯзад, ӯро пазиро намешавад. Зеро нангу номус ва поси расму ойини ниёгон барояш азизаст. Ширин бо ин рафтори худ ба Хусрав панд медиҳад, ки ошиқӣ ин мастиву ғурури шоҳӣ нест. Ишқ аз ҳама мансабу тахту тоҷ болотар аст. Хусрав аз чунин муносибат ба шӯр меояд, ранҷида хотир аз он ҷо баромада меравад. Аммо дилаш ҳамоно аз оташи ишқи Ширин месӯзад. Ҳолати Ширин ҳамчунин аст. Онҳо аз дӯстону устодони худ Бузургумед ва Шопур мадад меҷӯянд.

Дар намоиши дуюм Чораҳои андешидаи Бузургумед ва Шопурсамар меоранд. Хусрав дар хиргоҳи худ базми шаробу рубоб меорояд. Ин ҷо овозхонҳои таърихии мо Борбад (аз ҷониби Хусрав) ва Накисо (аз ҷониби Ширин) ҳунарнамоӣ мекунанд ва дар сурудҳояшонро зидилиду дилдодароматраҳ месозанд. Ниҳоят Хусрав ба хатои худ тан медиҳад ва Ширинро, ки он ҷо паноҳ бурда буд, бо узрхоҳӣ ба давра мекашад ва амр мекунад, ки базму ишқу ошиқӣ ва ҷавонии онҳо тибқи расму ойини ниёгон сурат гирад. Ҳамагононҳоро бо базмивисол табрик мегӯянд.

Дар намоиши сеюм Тирагунгардидани осмони бахту саодатиду дил дода пеши назар меояд. Ширӯя, ки аз издивоҷи иҷбории Хусрав ва Марям (духтари шоҳи Рум) ба дунё омадааст, бо дидани Ширин ба ӯ ошиқ мешавад. Ҳарчанд Ширин мегӯяд, ки мо ин дари ӯст ва чунин кор раво нест, аммо писари нохалафи Хусрав аз роҳбар намегардад. Вай Хусрав розиндонӣ мекунад ва чун мебинад, ки бо чунин рафтор мурод ҳосил намегардад, қасди куштани падарро мекунад. Вақте ки Ширину Хусрав танҳо буданд, Ширӯя ба наздионҳо зада медарояд ва бо қаҳру ғазаб ба паҳлӯи Хусрав ханҷар мезанад. Ширин ба ӯ ҳамла меорад, ханҷарро аз дасташ зада мегирад. Ширӯя аз тарсхудро ба қафо мекашад. Аммо Ширин ханҷарро ба ҷигаргоҳи худ мезанад ва дар паҳлӯи Хусрав ҷон медиҳад.

+