Операи

 

АМИРБЕКИМЎСО

 

«ХУСРАВ и ШИРИН»

Муаллифи либретто Гулназар Келдї

 

(Либретто аз се намоиш ва як парда иборат буда, аз рўйи

 

достони њамноми Низомии  Ганљавї  офарида  шудааст).

 

 

 

Операи мазкур дар асоси достони машњури   Њаким Низомии Ганљавї «Хусрав ва Ширин», ки  яке  аз  асарњои панљгонаи  «Хамса»-и безаволи ў мебошад, офарида шудааст.

 

Достони «Хусрав ва Ширин» асари калонњаљми бисёрсужет буда, тамоми воќеоту рўйдоди дар он тасвиршударо дар як намоиши театрї ифода кардан аз имкон берунаст.

 

Муаллифи либретто кўшидааст, ки хати асосии сужети достон –  ишќи пурсўзу гудоз, поку беолоиш ва пур аз фољиаи писари шоњаншоњ Њурмуз – Хусрав ва хоњарзодаи фармонравои мулки  Арман – Ширинро дар маркази намоиш љойгузин  кунад.

 

Намоиш аз як парда ва  се намоиш иборат  аст.

 

Дар намоиши якум

 

 

 

Лањзае ба тамошобин пешнињод мегардад, ки Хусрави сармасти ишќу љавонї ва худкомии шоњаншоњї ба дидори Ширин меояд ва гумон мекунад, ки ба дом овардани ў бисёр осонаст. Њарчанд Ширин ташнаи васласту аз фироќи Хусрав шаборўз месўзад, ўро пазирона мешавад. Зеро нангу номус ва посирасму ойини ниёгон барояш азиз аст.

 

Ширин бо ин рафтори худ ба Хусрав панд медињад, ки ошиќї ин мастиву ѓурури шоњї нест.  Ишќ аз њама  мансабу тахту тољ болотар аст.

 

Хусрав аз чунин муносибат ба шўр меояд, ранљида хотир аз он љо баромада  меравад.   Аммо дилаш  њамоно аз оташи  ишќи Ширин месўзад.  Њолати Ширин њамчунин  аст.

 

Онњо аз дўстону  устодони  худ Бузургумед ва  Шопур мадад мељўянд.

 

 

 

Дар намоиши дуюм

 

 

 

Чорањои андешидаи Бузургумед ва Шопур самар меоранд.

 

  Хусрав дар хиргоњи худ базми шаробу рубоб меорояд. Ин љо овозхонњои таърихии  мо  Борбад (аз љониби Хусрав) ва Накисо (аз љониби Ширин)  њунарнамої  мекунанд ва дар сурудњояшон рози дили ду дилдодаро  матрањ  месозанд. Нињоят Хусрав ба хатои худ тан медињад ва Ширинро, ки он љопаноњ бурда буд, бо узрхоњї ба давра мекашад ва амр мекунад, ки базму ишќу ошиќї ва љавонии онњо тибќи расму ойини ниёгон  сурат  гирад.

 

Њамагон онњоро бо базми висол табрик  мегўянд.

 

 

 

Дар намоиши сеюм

 

 

 

Тирагун гардидани осмони бахту саодати ду дилдода пеши назар  меояд. Ширўя, ки аз издивољи иљбории Хусрав ва Марям (духтаришоњи Рум) ба дунё омадааст, бо дидани Ширин ба ў ошиќ мешавад. Њарчанд Ширин мегўяд, ки моиндари ўст ва чунин кор равонест, аммо писари нохалафи Хусрав аз роњ бар намегардад.

 

Вай Хусравро зиндонї мекунад ва чун мебинад, ки бо чунин рафтор мурод њосил намегардад, ќасди куштани падарро  мекунад. Ваќте  ки Ширину Хусрав танњо  буданд, Ширўя ба назди онњо зада медарояд ва бо ќањру ѓазаб ба пањлўи Хусрав ханљар  мезанад. Ширин ба ў њамла меорад, ханљарро  аз  дасташ  зада мегирад. Ширўя аз тарс  худро ба ќафо мекашад. Аммо Ширин ханљарро ба љигаргоњи худ мезанад ва дар пањлўи Хусрав љон  медињад.

 

 

 

 

 

 

 

 

 

скачать dle 10.5фильмы бесплатно