Бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур — Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад дар ташкилоти ибтидоии “Ҳунарварз” маҷлиси ҳизбӣ доир гардид.
Ибтидо бо пешниҳод ва ҷонибдории ҳамаи аъоён Сайфиддинов Камолиддин раиси ташкилоти ибтидоӣ “Ҳунарварз” интихоб гардид.
Сипас Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур — Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад роҷеъ ба нақши созгори ҲХДТ дар низоми давлатдории навини тоҷикон, ҳимояи арзишҳои миллӣ, тарғиби идеологияи солими миллӣ, тарбияи ватанпарастии ҷавонон, ҳифзи якпорчагии Ватан, рушди ҳама самтҳои хоҷагии мамлакат нутқ карда, афзуд, ки мо дар марҳилаи хеле ҳассоси ватансозӣ қарор дорем. Раванди ҷаҳонишавӣ ва ё глобализатсия баробари пешрафт паёмадҳои нохубро низ ба бор овардаистодааст. Ба хусус миёни насли ҷавон, ки таҳлил нокарда ба фиребу ҳангомаҳои афроди тақаллубӣ ба воситаҳои гуногун махсусан тавассути интернет ба дом афтода, ба гуруҳҳои ифротӣ мепайванданд. Рисолати шаҳрвандӣ ва масъулияти ҳизбии ҳаряки мост, ки набзи ҷомеаро омӯхта, иродаи сиёсии мардумро бобати тақвияти ҳимояи арзишҳои миллӣ ва давлату миллат баланд бардорем.

Leave a comment

Яндекс.Метрика

operabalet.tj © 2021. All rights reserved.