ШАЙХУРРАИС АБӮ АЛӢ ИБНИ СИНО

 (опера иборат аз ду парда)

 Либреттон К. Олимов.

Аз рӯи песаи М. Фарҳат ва М. Беҳбудӣ

 Мазмуни мухтасари операи «Шайхурраис Абӯ Алӣ ибни Сино»

Қисми якум

Намоиши I

Ибни Синои ҷавон, сармасти ишќи Озада, наќшаҳои таҳкиму табобат ба сар дорад. Ногоҳ хабари шикасти хонадони Сомониён ва сари тахт омадани султон Маҳмуд мерасад. Сипаҳсолор Абӯдайду бо сипоҳиёнаш омада, Ибни  Синонро  таҳдид мекунаду, Озадаро бо худ мебарад. Ибни Сино бо маслиҳати ёрон, азми Гурганҷ мекунад.

Намоиши I I

Ҳокими  Хоразм Алӣ ибни Маьмун Ибни Синоро бо эҳтироми тамом ќабулу ќадрдони  мекунад. Дар аснои базми бо иштироки бузургони дарбораш ба шарафи ӯ ороста, ќосид номаи  султон Маҳмудро меорад, ки ба дарбори ӯ фиристодани олимони бузург, аз ҷумла Ибни Синоро дархостааст. Ибни Сино ба Ѓазни рафтанро рад карда, боз роҳи ѓурбатро пеш мегирад.

Намоиши I I I

Ибни Сино бо ҳамроҳон дар биёбон равон аст.  Дар лаҳзаи дамгирӣ ӯ Озадаро хоб мебинад, ки дар роҳи ҳифзи нангу номус худро ҳалок кардааст. Бо фиѓон бар мехезад ва дилгазон аз ќисмат роҳашро идома медиҳад. Ќисми дуюмт

Намоиши IV

Ибни Сини машѓули баҳсу дарс бо шогирдон аст. Зимнан духтари вазир Тоҷулмулкро даво мебахшад. Дар ин ҳангом Тоҷулмулк бо сипоҳиёнаш расида, ӯро зиндонӣ мекунанд.

Намоиши V

Ибни Сини дар ќалъаи Фародҷон маҳбус аст. Пинҳонӣ шогирди бовафояш Ҷузҷонӣ ба аёдаташ меояд. Ба воситаи ӯ осори навашро ба шогирдон мефиристад. Моҳваш меояд, ки наҷотдиҳандаашро раҳо кунад. Ногоҳ Точулмулк мерасад ва Ибни Синоро куштани шуда, духтари худашро ҳалоќ месозад. Алоуддавла бо сипоҳиёнаш пайдо шуда, вазирро бандӣ мекунад. Байни ӯва Ибни Сино оид ба доду дониш сӯҳбат доир мешавад.

Намоиши VI

Ибни Сино ва Ҷузҷонӣ наврӯзи Исфаҳонро тамошо доранд. Ӯ ҳамдиёрони хешро вохӯрда, сӯҳбат ҳасрат мекунад. Мардум бо шодмонӣ ба зиёрати Ибни Сини мерасанд. Вай изҳори умедворӣ менамояд, ки рӯзе авлоди Сомониён ватанро обод мекунанд ва тоҷик боз тоҷбарсар мешавад.

Leave a comment

Яндекс.Метрика

operabalet.tj © 2021. All rights reserved.