«Кони пурганч»

Ш.Ашуров
Либретто Н.Косим

Мазмуни мухтасар

Намоиномаи «Кони пурганҷ» дар бораи фикру зикр ва рафтору амали ҷавононе нақл мекунад, ки касби душвори маъданҷӯиро пеша кардаанд ва кашфи конҳои пурнганҷи диёр ба манфиати ояндаи халқу Ватан орзӯю ормонашон аст. Дар ин роҳ ба монеъаҳои зиёд дучор мешаванд, дар ҳаёташон воқеаҳои зиёди аҷоибу ғароиби ғайричашмдошту мароқовар рух медиҳанд, вале ҷӯшу хурӯши ҳақиқии ҷавонӣ, меҳри самимӣ ба касб, ватандӯстию масъулиятшиносӣ ва ишқу муҳаббати пок мададашон мекунад, ки оқибат ба орзӯи наҷиби худ бирасанд.

Зебо дар сафари хидматист ва ҳамсараш Хуршед низ барои ҳимояи рисолаи номзадӣ тараддуди сафар дорад. Рафиқашон Олим, занг зада, чанд рӯз дар хонаи онҳо зистани дӯстдоштааш Ленаро хоҳиш мекунад. Онҳо ҳама ҳаёти худро ба кони кашфкардаашон бахшиданианд, вале Анвари ҳамкасбашон, ки низ Ленаро дӯст медорад, садди роҳашон мешавад.

Баъди ба фурудгоҳ рафтани Хуршед донишҷӯи факултаи маъданҷӯӣ Зариф, ки барои таъмини таҳсилаш муваққатан хаткашонӣ мекунад, оид ба мавқуф гузошта шудани ҳимоя барқия меорад. Лена, либоси кориашро шуста, буғчаашро мекобаду дармеёбад, ки саҳван либоси дигар нагирифтааст ва намедонад чӣ хел ба маҷлиси раёсат биравад. Зариф таклиф мекунад, ки вай куртаи арӯсшавандаи ӯ – Анорро бипӯшад.

Ленаву Зариф пайи корҳои худ мераванд. Зебо бармегардад ва Анорро, ки хилъати ӯро пӯщидааст, дида, ғавғо мебардорад. Анор, асли ҳолро фаҳмонда натавониста, аз ҳуш меравад ва баъд, ба ҳуш омада, мегурезад. Кампири ҳамсоя Розия Зеборо талқин мекунад, ки ба нишони қасдгирӣ аз шавҳараш ба ҷияни ӯ ба шавҳар барояд. Зебо ҳам вай ва ҳам Хуршедро, ки ба ҳавопаймо дер монда, баргаштааст, аз хона пеш мекунад. Хуршед, дар кӯча Ленаро вахӯрда, асли гапро мефаҳмад. Лена пешниҳод мекунад, ки базми ощтӣ ороста, Зеборо ором намоянд.

Дар ин байн Анор, аз Розияи шӯрангезу ҳарис қасд гирифта, бо ваъдаи гӯшвори тиллоияшро чун хидматона додан, ӯро барои «либосҳояш» ба «хонаи дугонааш», ки дар асл девонахона аст, мефиристад.

Зебо Зарифро ҷияни кампири Розия гумон мекунад ва, омадани шавҳарашро дида, ба сандуқаш меандозад. Дар айни моҷарои Зебову Хуршед Лена меояд, Зарифро ба онҳо мешиносонад ва батадриҷ асли ҳол маълум мешавад.

Анвар, ки низ ба «базм» даъват шуда буд, дар баҳои «хидматаш» — иҷозати кушодани кон дастудили Ленаро талаб мекунад, лекин Олим, санадҳои иҷозаи фаъолияти конро бароварда, собит месозад, ки масъаларо на ӯ, балки ақли солим ва назардошти манфиатҳои ҷомеа мусбат ҳал кардааст. Намоишнома бо тантанаи муҳаббати софу беғаши Зебову Хуршед,

Ленаву Олим ва Анору Зариф хотима меёбад.

Аксари қаҳрамонҳои намоишнома бо хислату хилқати пок, устуворию матонат ва ишқу садоқат намунаи ибрати донишҷӯёни муосири мо буда метавонанд ва ҳадафи муаллифон низ ҳамин пайванди маънавист. Онҳо гуфтанианд, ки кони асосиву пурганҷтарини халқу диёри мо ана ҳамин ҷавонони донову тавоно ва ҷӯяндаву ёбандаанд.

 

Leave a comment 503 Service Unavailable

Service Unavailable

The server is temporarily unable to service your request due to maintenance downtime or capacity problems. Please try again later.

Additionally, a 503 Service Unavailable error was encountered while trying to use an ErrorDocument to handle the request.