Д. Дўстмухммадов
«КИШЛОКИ ТИЛЛОИ»
(опера иборат аз ду парда)

Муаллифони либретто:
М. Миршакар ва Н.Исломов
Мазмуни мухтасари операи «Қишлоқи тиллоӣ»

Намоиш 1
Дар пораи хурди замини домани кӯҳ бародарон Наврӯзбек ва Ҳайдарбек бо ёрии ҳамсояҳо боғ бунёд мекунанд. Зани Наврӯзбек Руқиямоҳ ва писари хурдашон Шарафҷон низ дар он ҷо. Ниҳоли охиринро шинонда, деҳқонон ид барпо мекунанд. Дар авҷи шодмонӣ Бой, к ибо ҳар роҳе набошад, боғи бародаронро аз худ карданист, пайдо мешавад.
Шодмонӣ тамом шу два ҳамсояҳо пароканда шуданд. Ҳайдарбек маҳбубааш Лайлӣ – хизматгордухтари Бойро нигарон аст.Лайлии аз меҳнати вазнин ва таҳқири хонаи Бой хеле хаста, ба Ҳайдарбек маслиҳат медиҳат, ки ба диёри бебою истисморгарон гурезанд.
Вале Ҳайдарбек ӯро тасаллӣ медиҳад, ки боғашон месабзаду зиндагташон осудатар мегардад.
Ношинос себ дар даст пайдо мешавад. Ӯ дар ҳасрати бахти гумгашта талх гириста, ба Наврӯзбек дар бораи «Қишлоқи тиллоӣ», ки ҳама одамонаш бадавлату хушбахтанд, ҳикоят мекунад. Себро ба Наврӯзбек дода, ӯ огоҳ мекунад, кис еби сеҳрнок бояд аз даст ба даст гузарад. Бой онро азхуд карданӣ мешавад.
Вай дар ғазаб шуда, аз Наврӯзбек қарзҳояшро талаб мекунад. Ашк дар чашмон Наврӯзбек Руқиямоҳ аз ӯ мӯҳлат мехоҳад, вале бой раҳм надорад.
Ғайр аз таҳкиру ҳасрат дар умри худ чизе надида, бародарон карор медиҳанд, ки ба ҷустуҷӯи «Қишлоқи тиллоӣ» раванд.

Намоиш 2
Саҳнаи якум.
Аз сарсонии зиёд монда шуда, Наврӯзбеку Ҳайдарбек дам гирифтанӣ мешаванд. Гурӯҳи одамони мусаллаҳ онҳоро дастгир карда, пеши роҳбарашон – Сардор меоранд. Сардор Наврӯзбеку Ҳайдарбекро ҷосус пиндошта, ба овехтанишон фармон медиҳад. Вале пеш аз ин мефармояд, ки бародарон суруди хонанд. Суруди маба ёди Сардору одамони ӯ диёр ва зиндагии қакшшоқонаашонро меорад. Сардор одамони ӯ диёр ва зиндагии қакшшоқонаашонро меорад. Сардор нақл мекунад, ки онҳо деҳқонони оддиянд. Ба ҷустуҷӯӣ «Қишлоқи тиллои» вақти зиёде сарф карда, оқибат карор доданд, ки бахтро бо мубориза ба зидди истисмогарон ба даст оранд Вай бародаронро ба дастааш даъват мекунанд, аммол онҳо рад намуда роҳашонро давом медиҳанд.
Баъди рафтани онба қароргоҳи ошӯбгари аскарон ҳуҷум мекунанд.

Саҳнаи дуюм.
20 сол гузашт. Наврӯзбеки хастаҷон базӯр бародари беморашро ба ғор меорад. Баъд хоҳиши ӯро иҷро карда, бу ҷустуҷӯӣ об меравад, вале баргашта бародарашро беҷон мебинад.Вай ба тақдир лаънатҳо хонда, гиряҳо мекунад. Пири қоматхамидаи танҳо Наврӯзбек дар охир «Қишлоқи тиллои»-ро меёбад. Ӯ аз амалӣ гаштанӣ орзуяш шод аст, вале маълум шуд, ки ӯ ба деҳаи худашон, ба ҷое, ки 20 сол пеш бо бародараш ба ҷустуҷӯӣ бахт рафта буд, омадааст. Ва ӯ дар байни одамони хӯшбахти деҳа писараш Шарафҷон ва наберааш Шарифҷонро меёбад.

 

Leave a comment

operabalet.tj © 2020. All rights reserved.