ШАЙХУРРАИС АБЎ АЛИ ИБНИ СИНО

(опера иборат аз ду парда)

Либреттон К. Олимов.

Аз рўи песаи М. Фарњат ва М. Бењбуди

Мазмуни мухтасари операи «Шайхурраис Абў Али ибни Сино»

Кисми якум

НамоишиI

 

Ибни Синои љавон, сармасти ишќи Озада, наќшањои тањкиму табобат ба сар дорад. Ногоњ хабари шикасти хонадони Сомониён ва сари тахт омадани султон Мањмуд мерасад. Сипањсолор Абўдайду бо сипоњиёнаш омада, Ибни Синонро тањдид мекунаду, Озадаро бо худ мебарад. Ибни Сино бо маслињати ёрон, азми Гурганљ мекунад.

 

Намоиши I I

 

Њокими Хоразм Алї ибни Маьмун Ибни Синоро бо эњтироми тамом ќабулу ќадрдони мекунад. Дар аснои базми бо иштироки бузургони дарбораш ба шарафи ў ороста, ќосид номаи султон Мањмудро меорад, ки ба дарбори ў фиристодани олимони бузург, аз љумла Ибни Синоро дархостааст. Ибни Сино ба Ѓазни рафтанро рад карда, боз роњи ѓурбатро пеш мегирад.

 

Намоиши I I I

 

Ибни Сино бо њамроњон дар биёбон равон аст. Дар лањзаи дамгирї ў Озадаро хоб мебинад, ки дар роњи њифзи нангу номус худро њалок кардааст. Бо фиѓон бар мехезад ва дилгазон аз ќисмат роњашро идома медињад. Ќисми дуюмт

 

Намоиши IV

 

Ибни Сини машѓули бањсу дарс бо шогирдон аст. Зимнан духтари вазир Тољулмулкро даво мебахшад. Дар ин њангом Тољулмулк бо сипоњиёнаш расида, ўро зиндонї мекунанд.

Намоиши V

 

Ибни Сини дар ќалъаи Фародљон мањбус аст. Пинњонї шогирди бовафояш Љузљонї ба аёдаташ меояд. Ба воситаи ў осори навашро ба шогирдон мефиристад. Моњваш меояд, ки наљотдињандаашро рањо кунад. Ногоњ Точулмулк мерасад ва Ибни Синоро куштани шуда, духтари худашро њалоќ месозад. Алоуддавла бо сипоњиёнаш пайдо шуда, вазирро бандї мекунад. Байни ўва Ибни Сино оид ба доду дониш сўњбат доир мешавад.

 

Намоиши VI

 

Ибни Сино ва Љузљонї наврўзи Исфањонро тамошо доранд. Ў њамдиёрони хешро вохўрда, сўњбат њасрат мекунад. Мардум бо шодмонї ба зиёрати Ибни Сини мерасанд. Вай изњори умедворї менамояд, ки рўзе авлоди Сомониён ватанро обод мекунанд ва тољик боз тољбарсар мешавад.